Wi-Fi дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
ҶСК «Tojiktelecom» дар боғҳо, бозорҳо ва фурудгоҳҳо дастрасӣ ба интернетро фароҳам меорад — 30 дақиқаи аввал ройгон, баъд аз рӯи тарифҳои дастрас
Номи шабака
Tojiktelecom
30 дақ
ройгон
10 Мбит/с
суръати дастрасӣ
24/7
кори шабака
Лоиҳаи Wi-Fi-и оммавӣ қисми барномаи рушди инфрасохтори рақамии шаҳрҳои Тоҷикистон мебошад. Нуқтаҳои дастрасӣ дар ҷойҳои серодамтарин — боғҳо, бозорҳо ва фурудгоҳҳо насб шудаанд, то сокинон ва меҳмонони кишвар тавонанд хабарҳо хонанд, бо наздикон муошират кунанд, онлайн таҳсил ва кор кунанд.
Чӣ тавр пайваст шудан мумкин аст
- 1
Wi-Fi-ро фаъол кунед
Танзимоти Wi-Fi-ро дар смартфон, планшет ё ноутбук кушоед
- 2
Шабакаро интихоб кунед
Дар рӯйхат шабакаи «Tojiktelecom»-ро ёбед ва ба он пайваст шавед
- 3
Ворид шавед
Дар саҳифаи кушодашуда рақами телефон ва рамзи SMS-ро ворид кунед
- 4
Истифода баред
Дар панели идоракунӣ бастаи ройгони 30-дақиқагиро фаъол кунед, баъд тарифи мувофиқро интихоб кунед
Бартариҳои шабака
30 дақиқа ройгон
30 дақиқаи аввал бе пардохт, баъд — тарифҳои дастрас аз 3 сомонӣ дар як соат
Суръати устувор
10 Мбит/с тавассути каналҳои нахи оптикии «Tojiktelecom» дар ҳамаи тарифҳо
Шабонарӯзӣ
Шабака 24 соат дар як шабонарӯз, 7 рӯз дар ҳафта кор мекунад
Дастрасии бехатар
Ворид шудан бо рақами телефон ва филтри захираҳои зараровар
Ҳама гуна дастгоҳҳо
Смартфонҳо, планшетҳо ва ноутбукҳо дар iOS, Android, Windows ва macOS
Wi-Fi дар куҷо кор мекунад
Рӯйхати нуқтаҳо доимо васеъ мешавад — навсозиҳоро пайгирӣ кунед
Бозори «Меҳргон»
ш. Душанбе
Шаршараи «Нишон»
ш. Душанбе
Боғи ба номи А. Дониш (боғи гулҳо)
ш. Душанбе
Боғи «Ирам» (Боғи ботаникӣ)
ш. Душанбе
Терминали нави фурудгоҳи ш. Душанбе
ш. Душанбе
Терминали фурудгоҳи ш. Душанбе
ш. Душанбе
Терминали нави CIP-и фурудгоҳи ш. Душанбе
ш. Душанбе
Фурудгоҳи ш. Хуҷанд
ш. Хуҷанд
Боғи «Париж» (боғи гулҳо)
ш. Кулоб
Бозори «Саховат»
ш. Кулоб
Фурудгоҳи ш. Кулоб
ш. Кулоб
Фурудгоҳи ш. Бохтар
ш. Бохтар
12 нуқтаи дастрасӣ
Тарифҳо ва шартҳои пайвастшавӣ
Суръати дастрасӣ дар ҳамаи тарифҳо — 10 Мбит/с
Давраи ройгон
30 дақиқа
0сомонӣ
Вақт 1
1 соат
3сомонӣ
Вақт 3
3 соат
5сомонӣ
Вақт 5
5 соат
10сомонӣ
Зинда
30 рӯз (720 соат)
50сомонӣ