Марказҳои алоқа
ҶСК «Tojiktelecom» нахустин лоиҳаи беназири таърихи кишварро оғоз мекунад — Марказҳои алоқаи формати нав бо хизматрасонии ҳамаи операторони мобилӣ
ҶСК «Tojiktelecom», оператори миллии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи оғози нахустин лоиҳаи беназири кишвар, ки дар солҳои гузашта аналог надоштааст, эълон мекунад. Дар заминаи инфрасохтори ширкат шабакаи Марказҳои муосири алоқа эҷод мешавад, ки дар он абонентҳо метавонанд хадамоти ҳам худи «Tojiktelecom» ва ҳам ҳамаи операторони амалкунандаи мобилии кишварро — дар як ҷо, дар як ташриф гиранд.
Пештар дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон фазои ягонаи хизматрасонӣ, ки имконоти ҳамаи операторонро муттаҳид кунад, вуҷуд надошт. Лоиҳаи нав хадамотро ба сатҳи сифатан нав мебарорад ва қулайӣ, дастрасӣ ва муносибати стандартиро барои ҳамаи категорияҳои абонентҳо таъмин мекунад.
Хадамоти операторон, ки дар Марказҳои алоқа дастрасанд
Ин Марказҳои алоқаро нахустин нуқтаи универсалии хизматрасонӣ мегардонад, ки дар як офис ҳамаи брендҳои асосии телекоми кишвар дастрасанд.
Хадамоти ҶСК «Tojiktelecom», ки дар Марказҳои алоқа пешниҳод мешаванд
Интернети хонагии суръатноки баланд
Алоқаи фиксшуда ва хадамоти рақамӣ
Хадамоти телефонӣ ва дастрасӣ ба ҳалли нави рақамӣ
Пайвастшавӣ, танзим ва хизматрасонӣ
Машваратҳо оид ба технологияҳои муосир ва хадамоти рақамӣ
Функсионалии иловагии Марказҳои алоқа
Пайвастшавӣ ба ҳар як оператори мобилии кишвар
Расмиёти SIM-картаҳо ва eSIM
Барқароркунии SIM-картаҳо новобаста аз оператор
Иваз кардани тарифҳо, машваратҳо оид ба хадамоти мобилӣ
Хизматрасонӣ тибқи принсипи «як тиреза»
Инфрасохтори муосири офисӣ, навбати электронӣ, навигатсияи қулай
Марказҳои алоқаи амалкунанда
ш. Душанбе, пр. Рудаки 57
ш. Ваҳдат, кӯч. Сомониён (нишонаи KFC)
ш. Ҳисор, кӯч. И. Сомонӣ
ш. Турсунзода, Бозори нав, блоки 2 мағозаи №12
ноҳияи Рӯдакӣ, кӯч. И. Сомонӣ 32 (нишонаи ҶСК «Tojiktelecom»)
ноҳияи Шаҳринав, кӯч. Дӯстӣ (Бозори марказӣ)