Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Ҳайати муштараки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» дар форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 дар Самарқанд иштирок намуданд
Бозгашт ба навидҳо

Ҳайати муштараки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» дар форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 дар Самарқанд иштирок намуданд

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 20 Май 2026

20–21 майи соли 2026 дар шаҳри Самарқанд форуми байналмилалии M360 Eurasia 2026 — чорабинии флагмании Ассотсиатсияи ҷаҳонии операторони алоқаи мобилӣ (GSMA) барои минтақаи Авруосиё доир гардид. Дар кори форум ҳайати муштараки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» иштирок намуд.
Тарафи тоҷикистониро дар форум Муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Толиб Маҳмадраҳим ва Директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Абдусатторзода Бахтовар муаррифӣ намуданд.
Форум вазирон, роҳбарони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ва технологӣ, танзимгарони соҳа, сармоягузорон ва коршиносони байналмилалиро аз тамоми минтақа муттаҳид сохт. Дар маркази мубоҳисаҳо — рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, шабакаҳои 5G, амнияти киберӣ, алоқаи моҳворавӣ, инчунин ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳибкорӣ қарор доштанд. Ин майдон ба таври анъанавӣ ҳамчун ҷои асосии таҳияи равишҳои умумӣ ба табдили рақамии кишварҳои минтақа хидмат мекунад.
Иштирок дар форум барои ҳайати тоҷикистонӣ имконияти мубодилаи таҷриба бо бозигарони пешбари соҳа, омӯзиши технологияҳои пешқадам ва амалияҳои танзимӣ, инчунин таҳкими робитаҳои корчаллонии байналмилалӣ ба манфиати рушди соҳаи телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар доираи форум ҳайат як қатор вохӯриҳои корӣ ва гуфтушунидҳоро бо намояндагони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, танзимгарон ва сохторҳои давлатии кишварҳои иштирокчӣ баргузор намуд. Дар байни вохӯриҳои калидӣ — гуфтушунидҳои созанда бо роҳбарияти бахши рақамӣ ва телекомунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон: Муовини вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳсудов Жамол Тиллоевич ва Директори Агентии танзими телекоммуникатсия Курязов Дилшод Исмоилович.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тарафҳо дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи телекоммуникатсия, рушди инфрасохтори рақамӣ, масъалаҳои танзими соҳа, инчунин мубодилаи таҷриба дар соҳаи табдили рақамӣ ва ҷорӣ намудани ҳалли инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Диққати махсус ба масъалаҳои лоиҳаҳои муштарак, таҳкими робитаҳои бевоситаи касбӣ байни танзимгарон ва операторони алоқаи ду кишвар, инчунин таҳияи равишҳои мувофиқашуда ба рушди бозори телекоми минтақа дода шуд.
Илова бар гуфтушунидҳо бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ, ҳайат як қатор робитаҳои кориро бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, операторони алоқа ва ширкатҳои технологии дигар кишварҳои минтақаи Авруосиё баргузор намуд. Тамоми вохӯриҳо дар фазои созанда сурат гирифта, ба густариши шабакаи шарикон ва пешбурди манфиатҳои соҳаи телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ равона шуда буданд.
Дар натиҷаи вохӯриҳо тарафҳо манфиати мутақобиларо ба шарикии дарозмуддат тасдиқ намуда, потенсиали баланди ҳамкориро байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи рақамӣ қайд намуданд. Созишномаҳои ба даст омада дар канори форуми M360 Eurasia 2026 заминаи кори минбаъдаи муштарак ба манфиати шаҳрвандон ва соҳибкории ҳарду кишвар хоҳанд гардид.
Иштироки ҳайати муштараки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷиктелеком» дар чорабиниҳои байналмилалии ин гуна сатҳ қадами муҳим дар амалӣ намудани стратегияи миллии рушди рақамӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқтисоди рақамии минтақавӣ маҳсуб меёбад.

Поделиться новостью