Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
TELIO аз "Тоҷиктелеком" - иртибот дар 194 кишвар.
Бозгашт ба навидҳо

TELIO аз "Тоҷиктелеком" - иртибот дар 194 кишвар.

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 20 Ноябр 2026

TELIO аз «Тоҷиктелеком» — иртибот дар 194 кишвар

Ширкати «Тоҷиктелеком» барномаи мобилии TELIO-ро муаррифӣ кард, ки тавассути он мусофирон метавонанд пеш аз сафар ба хориҷи кишвар eSIM харидорӣ кунанд. Хизматрасонӣ 194 кишвар ва минтақаи ҷаҳонро фаро мегирад ва ба корбарон имкон медиҳад, ки арзиши eSIM ва бастаҳои интернетиро бо сомонӣ пардохт намоянд.

"eSIM симкорти рақамӣ аст, ки дар телефонҳои бо ин технология мувофиқ насб мешавад. Барои истифодаи он мусофир метавонад ҳанӯз дар Тоҷикистон кишвари сафар ва бастаи интернетии худро дар TELIO интихоб кунад. Пардохт тавассути ҳамёни электронӣ ё корти бонкӣ анҷом дода мешавад. Ҳамин тариқ, мусофир пеш аз сафар медонад, ки барои бастаи интихобкардааш бо пули миллӣ чӣ қадар маблағ сарф мекунад".



Ба иттилои «Тоҷиктелеком», барномаи TELIO бо се забон дастрас аст. Агар ҳангоми харид, насб ё фаъолсозии eSIM саволе пеш ояд, корбарон метавонанд шабонарӯзӣ ба хадамоти дастгирӣ муроҷиат кунанд. Барномаро аз App Store ва Google Play зеркашӣ кардан мумкин аст.

Муаррифии TELIO дар доираи татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 сурат гирифт. Бо роҳандозии ин хизматрасонӣ «Тоҷиктелеком» доираи хизматрасониҳои рақамии худро васеъ намуда, дастрасӣ ба интернети мобилиро барои шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар осонтар мегардонад.

Поделиться новостью