ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 9 Октябр 2026
Аз октябри соли 2026 расонидани хизматрасониҳо ва хизматрасонӣ ба муштариён — шахсони воқеии интернети хонагии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» (ҶСП «ТТ Мобайл») аз ҷониби оператори пешбари миллии алоқа — ҶСК «Тоҷиктелеком» амалӣ карда мешавад.
Ин гузариш ба таъмини бефосилагии хизматрасониҳо, рушди инфрасохтори алоқаи собит, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дастрасии интернет барои абонентҳо равона карда шудааст.
Дар доираи ин гузариш суръат дар нақшаҳои тарифии амалкунанда чанд баробар меафзояд. Абонентҳо метавонанд видеоҳоро бо сифати баланд тамошо кунанд, бозиҳои онлайнӣ бозанд ва ҳамзамон якчанд дастгоҳро бидуни коҳиши сифат ба шабака пайваст намоянд.
Барои ҳар як абонент гузариши ба шартҳои манфиатноктар пешбинӣ шудааст. Масалан, истифодабарандагони нақшаи тарифии маъмул бо суръати то 3 Мбит/с ва ҳаққи обунаи 140 сомонӣ дар як моҳ ба тарифи дорои суръати то 50 Мбит/с ва арзиши 155 сомонӣ дар як моҳ мегузаранд. Ҳангоми фарқияти ҳаққи обуна ҳамагӣ 15 сомонӣ, суръати интернет қариб 17 баробар меафзояд. Тарифҳои наву батартибовардашуда инчунин суръати трафикаи дохилиро то 100 Мбит/с барои дастрасии бeвосита ва зуд ба хадамот ва платформаҳои дохилии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд.
Гузариш ба шартҳои нав аз давраи нави истифодабарӣ амалӣ карда мешавад ва аз абонентҳо иваз кардани таҷҳизоти амалкунанда талаб карда намешавад.
Барои истифодаи пӯрраи шабакаи мо ва пайваст кардани тарифҳои нав, лутфан ба офиси хизматрасонии мо ташриф оварда, шартнома бандед. Бо шартнома метавонед дар поён шинос шавед.
Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои нақшаҳои тарифии нав ва машваратро метавонед аз хадамоти дастгирӣ тавассути рақами кӯтоҳи 4747 дастрас намоед.
ҶСК «Тоҷиктелеком» — суръати нав барои вазифаҳои муҳимтарини шумо!
.jpg)