ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 17 Сентябр 2026
Таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа бевосита ба фароҳам овардани муҳити солими идоракунӣ, волоияти қонун ва риояи қатъии меъёрҳои шаффофият вобаста аст.
Дар ин раванд, мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои хизматрасон, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком», фаъолияти худро дар самти муқовимат ба коррупсия, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматӣ пайваста тақвият медиҳанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шаффофияти фаъолият, дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуда истодаанд.
Баҳри таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, натиҷаҳои фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия ва вазъи иҷрои барномаҳои зиддикоррупсионӣ мунтазам дар сомонаҳои расмӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешаванд.
Инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои омӯзишию иттилоотӣ барои кормандон пайваста гузаронида шуда, фарҳанги ҳуқуқии онҳо тақвият дода мешавад.
Яке аз омилҳои асосии пешгирии ришвахорӣ ва таъмини идоракунии самаранок - ин риояи меъёрҳои шаффоф дар интихоби кадрҳо мебошад. Дар сохторҳои «Тоҷиктелеком» ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон тариқи роҳхат, озмун, захираи кадрҳо, баҳодиҳии касбӣ, аттестатсия ва ҷойивазкунӣ (ротатсия)-и хизматчиёни давлатӣ ва кормандон ба роҳ монда шудааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки шахсони касбӣ, софдил ва дорои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҷалб карда шаванд.
Андешидани тадбирҳои зарурии амалӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» зери назорати қатъӣ қарор дорад. Ин раванд шаффофияти молиявиро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки маблағҳои корхона мақсаднок истифода шаванд ва рақобати солим дар харидҳо ба роҳ монда шавад.
Гузариш ба низоми электронии гардиши ҳуҷҷатҳо, ирсол ва тақсимоти мавод, парвандаҳо, истеҳсолоти иҷро ва дигар расмиёти маъмурӣ аз ҷумлаи қадамҳои муҳим ва муосир ба ҳисоб меравад. Рақамисозии хизматрасониҳо ва муносибатҳо омили инсониро ба таври назаррас коҳиш дода, барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Баҳри пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкуниҳо, дар асоси «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ», мунтазам таҳлили фаъолият гузаронида шуда, нақшаҳои мукаммали пешгирикунанда татбиқ карда мешаванд.
Мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини шаффофият масъулияти дастаҷамъона ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Танҳо тавассути фароҳам овардани муҳити солим, риояи қонуният ва баланд бардоштани масъулияти хизматӣ метавонем ба пешрафти босуръати ширкат ва рушди устувори кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ қайд мекунанд, ки: «Мубориза бар зидди коррупсия кори танҳо як мақомот нест. Ин вазифаи ҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди бедордил ва ватандӯсти ҷомеа аст. То замоне ки мо дар ҷомеа муҳити тоқатнопазир нисбат ба коррупсия эҷод накунем, ба натиҷаҳои дилхоҳ расида наметавонем».
Ояндаи ободу шукуфои Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон бевосита ба саъю талоши софдилонаи ҳар яки мо ва муносибати бесозиш бо кирдорҳои коррупсионӣ вобаста аст. Мубориза бар зидди ин зуҳурот масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост.
