Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Бозгашт ба навидҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 16 Декабр 2025

Дар моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, дар фазои озоду шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Рӯйдоди дигари таърихӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ байни ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки зиёда аз сад сол ҳалли худро наёфта буданд. Бо имзои шартнома оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатӣ ин масъала пурра ҳал гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби сарони давлатҳо шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои самарабахш заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.

Дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ оид ба татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор намуд.

Қобили зикр аст, ки 12 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар иҷлосияи 7-уми Ассамблеяи генералии СММ оид ба муҳити зист қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид.

Бо ташаббуси дигари кишвари мо инчунин қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шуд.

Илова бар ин, ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали бостонӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар ҷараёни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж нишонаи эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.

Мавриди ифтихор аст, ки 12 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ оид ба эълон намудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Қабули ин ташаббусҳо нишонаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомҳои созандаи Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Дар даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаҳои миёнаи амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро фаро мегиранд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муҳим ва самарабахши зиёд амалӣ карда шуданд.

Дар натиҷа ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз рушд намуд.

Бо мақсади таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармоягузории хориҷӣ равона карда шуд.

Дар ин муддат маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расид.

Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расида, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 то 77 сол баланд шуд.

Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.

Даромадҳои пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфта, беш аз шаш баробар зиёд гардиданд.
Дар соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 қабул гардид.

Татбиқи саривақтӣ ва босифати он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли наздик ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз коҳиш дода шавад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз расонида шавад.

Дар ин давра рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол 8,7 фоизро ташкил хоҳад дод, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 фоиз ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.

Бо ин мақсад ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои ноил шудан ба афзалиятҳои рушд татбиқи саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушди солҳои 2026–2030-ро таъмин намоянд.

Айни замон дар кишвар тадбирҳои мушаххас дар самти ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва таҷдиди иншооти энергетикӣ ва нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим амалӣ мегарданд.

Дар соли 2025 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Дар баробари ин, зарур аст, ки дар соли 2026 суръати рушди иқтисоди миллӣ на камтар аз 8 фоиз таъмин гардида, дар солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шавад.

Ҳукумати кишвар бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо истифодаи технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузориро тақвият бахшад.

Дар ин раванд бояд ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврӣ», гузариш ба модели иқтисодии бар пояи дониш ва инноватсия, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Вакилони муҳтарам!

Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир талаб менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода шуда, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасониҳо табдил дода шаванд.

Ба Парламенти кишвар зарур аст, ки барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар ин раванд ба Хадамоти алоқа супориш дода мешавад, ки дар доираи татбиқи ташаббусҳои созандаи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Зарур аст, ки барои таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои байнишаҳрии нахи оптикӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, инчунин молия вазифадоранд, ки талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯзанд ва барои зиёд намудани шумораи мутахассисони ин соҳа ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки фаъолиятро оид ба зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохтӣ тақвият бахшанд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бояд барои татбиқи пурра ва оммавигардонии портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Имрӯз ба мо зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар ҳамаи соҳаҳо ва муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.
Мисоли оддӣ:

Дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ гардидани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти нерӯи барқ — низоми рақамии биллингӣ, тибқи ҳисоботи шабакаҳои барқӣ 30–40 фоизи аҳолӣ маблағи истифодаи нерӯи барқро пардохт намекарданд.

Пас аз ҷорӣ намудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пардохткунандагони пурраи истифодаи нерӯи барқ ба ҳисоб гирифта шуданд.

Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки қаблан зери таъсири омили инсонӣ ё суиистифода аз мақоми хизматӣ аз ҷониби баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагон гузошта мешуд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ талафот 13 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳафт банди фоизӣ кам мебошад.

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот дар шаҳри Душанбе аз 15,1 фоизи моҳи октябри соли 2024 то 5,1 фоиз коҳиш дода шуд, яъне 10 банди фоизӣ кам гардид.

Талафоти нерӯи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт-соат кам мебошад.

Дар ин муддат зиёда аз 100 ҳазор муштарии нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид.

Ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор барои гузариши пурра ба раванди рақамии идоракунии молияи давлатӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин таъкид менамоям, ки татбиқи пурраи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло дар кишвар саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва дар шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил дода, он ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст.

Ҳукумати кишвар бояд барои осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои молиявии арзон, технология ва дониш бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ чораҳои самарабахш андешад.

Ҳамчунин бо дарназардошти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат бояд фаъолият дар самти ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ, бахусус сармоягузориҳои мустақим, густариш дода шавад.

То имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, васеъ намудани ҳамкории фосилавӣ бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон ва рушди иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020–2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Тадбирҳои амалӣшуда ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатии электронӣ, сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андоз ва инчунин рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд гардидани фарҳанги андозсупории соҳибкорон мусоидат намуданд.

Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030-ро қабул ва амалӣ намояд.

Ҳамзамон вазорату идораҳо бояд оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон ва андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои зарурӣ барои таъмини рушди устувори кишвар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ҳар сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2021 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, вазъи мураккаб ва пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯз моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба стандартҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем.

Махсус таъкид менамоям, ки самаранокии хароҷоти давлатӣ бояд беш аз ҳар вақти дигар ба натиҷа нигаронида шавад.

Вазорати молия бояд дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт чораҳои иловагӣ андешад.
Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки барои густариши бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпоративӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ёдовар мешавам, ки ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз» ва ташкили бозори фаъолу шаффофи дуюмдараҷаи онҳо яке аз вазифаҳои муҳими ин самт мебошад.

Ҳамзамон бояд Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия ва қабул карда шавад.

Дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои пешниҳодшуда 143 миллиард сомониро ташкил дод.

Аммо танҳо 38 фоизи онҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ҳанӯз ҳам нокифоя мебошад.

Ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки барои ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарзҳо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои дарозмуҳлати арзон ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.

Инчунин барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва васеъ намудани имконияти дастрасии шаҳрвандон ба манзил зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекӣ такмил дода шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Вакилони муҳтарам!

Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар — дар давраи татбиқи он (солҳои 2019–2025), яъне дар ҳафт соли охир, зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт.

Аз ҷумла, дар соли 2025 фаъолияти 400 корхонаи истеҳсолӣ оғоз гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи истихроҷ аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 то 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин гардид.

Агар соли 1991 дар соҳаи истихроҷ ҳамагӣ 3 намуди маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол мешуд, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда то 17 номгӯй расонида шуд.

Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 ҳафт баробар, нуқра шаш баробар ва хокаи сурб нӯҳ баробар зиёд шудааст.

Тадбирҳои андешидашуда дар самти саноатикунонии босуръати кишвар имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025 ба 22 фоиз баробар гардид.

Дар идомаи ин раванд Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд бо истифодаи тамоми иқтидор ва имкониятҳо рушди воқеии ҳарсолаи соҳаро дар панҷ соли оянда на камтар аз 25 фоиз таъмин намояд.

Дар ин замина бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои нави коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан маъдан, металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш, бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.

Ҳукумати кишвар бояд Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2026–2030 ва Барномаи рушди истеҳсол ва ғанигардонии металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо ва дигар ашёи муҳими хомро таҳия ва амалӣ намояд.

Ҳамзамон барои таъмин намудани истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва Кумитаи андоз дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳаҳои мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Дар санадҳои таҳияшаванда масъалаҳои марбут ба фарогирии пурраи оморӣ, сода намудани расмиёти давлатӣ, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ, такмили тартиби андозбандии захираҳои табиӣ ва ҳалли дигар мушкилот бояд ба таври равшан инъикос карда шаванд.

Ёдовар мешавам, ки дар раванди татбиқи ин вазифаҳо бояд ба рушди саноати сабук, коркарди амиқи маҳсулот ва истеҳсоли металлҳои нодир ва стратегии муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дар даҳ соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар зиёда аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ гардида, дар натиҷа иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ 1017 мегаватт зиёд карда шуд.

Танҳо аз ҳисоби таҷдид ва навсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт афзоиш ёфт.

Аз ҷумла, дар соли 2025 корҳои таҷдид ва навсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом ёфта, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт то 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.

Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳими дигар, аз ҷумла сохтмони зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ амалӣ гардиданд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт-соат ё 40 фоиз афзоиш ёфта, аз 17,2 миллиард киловатт-соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расид.

Мо мушкилоти мардуми шарафманди Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли нерӯи барқ хуб дарк мекунем.

Ин вазъият, аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва, тавре қаблан зикр гардид, зиёд шудани шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмӯъ афзоиши истеъмоли нерӯи барқ мебошад, аз тарафи дигар — паёмади камобии тирамоҳи имсола ва коҳиш ёфтани воридшавии об ба обанборҳои нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар аст.

Дар давраи истиқлолият дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи нави истиқоматӣ сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар шароити манзилии худро беҳтар намуданд.

Танҳо дар ҳафт соли охир дар кишвар 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки ин боиси афзоиши истеъмоли нерӯи барқ гардид.

Илова бар ин, тавре зикр шуд, талафоти нерӯи барқ ҳанӯз ҳам баланд буда, зиёда аз 3 миллиардро ташкил медиҳад.

Ҳукумати кишвар барои бартараф намудани ин мушкилот ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.

Айни замон корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони ду нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт — 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, онҳо то моҳи августи соли 2026 ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуда, истиқлолияти энергетикии кишвар таъмин мегардад.

Ҳукумати кишвар бо истифода аз тамоми захираҳо ва имкониятҳо раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад.

Айни ҳол дар ин иншоот 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника — мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад.

Барои идомаи босуръати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ дар соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ зиёда аз 9 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳукумати кишвар, ҳамаи роҳбарон, шахсони масъул ва сохтмончиёни ин иншооти бузург вазифадоранд, ки бо масъулияти баланд ва сифати хуб сохтмони нерӯгоҳро густариш дода, иҷрои супоришро оид ба ба истифода додани агрегати сеюми нерӯгоҳ дар моҳи сентябри соли 2027, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмин намоянд.

Тибқи таҳлилҳо, талабот ба нерӯи барқ дар дохили кишвар ҳар сол меафзояд ва то соли 2030 нисбат ба соли 2025 31 фоиз зиёд хоҳад шуд.

Дар ин раванд барои таъмини эҳтиёҷоти афзояндаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар бо нерӯи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ низ нақши калидӣ дорад.

Бисёр муҳим аст, ки дар ин самт ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон сарфакор ва эҳтиёткор бошанд.

Мо тасмим гирифтаем, ки дар ду соли наздик бо ҷалби сармоягузориҳои мустақим дар кишвар якчанд нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегаватт ба истифода диҳем.

Ҳукумати кишвар, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, вазифадоранд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо чораҳои фаврӣ андешанд.

Ҳамчунин зарур аст, ки корҳои татбиқи пурраи низоми муосири биллингӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар шабакаҳои барқии кишвар ҳарчи зудтар анҷом дода шаванд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, имконият дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо нерӯи «сабз»-и барқ ва оби хунук таъмин намояд.

Бинобар ин ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки бо мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд барои таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата-марказҳо) чораҳои зарурӣ андешад.

Дӯстони азиз!

Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво, дар соли 2025 дар натиҷаи меҳнати софдилонаи кишоварзони кишвар суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид.

Ҳамчунин сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 афзоиш ёфт.

Яъне кишоварзони кишвар, бахусус дар шароити номусоиди обу ҳавои соли ҷорӣ, аз ҷумла тӯфонҳои шадиди чангу ғубор, софдилона меҳнат намуда, бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин карданд.

Аз ин рӯ, ба ҳамаи кишоварзон, деҳқонон, мутахассисони соҳа ва аҳолӣ, ки бо меҳнати содиқона ва ватандӯстона ва истифодаи оқилонаи обу замин маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол менамоянд, изҳори сипос менамоям.

Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар ҷаҳон аз гуруснагӣ ранҷ хоҳанд бурд.

Дар соли 2024 шумораи одамоне, ки дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарор доранд, то 670 миллион нафар афзоиш ёфт.

Бовар дорам, ки бо дарназардошти чунин шароити номусоид кишоварзони кишвар боз ҳам бештар меҳнат намуда, аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин, самаранок истифода хоҳанд кард, ҳосили фаровон ба даст меоранд ва амнияти озуқавории кишварро боз ҳам беҳтар таъмин менамоянд.

Вобаста ба ин ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд.

Ҳукумати кишвар инчунин вазифадор аст, ки бо дарназардошти нақши пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмини рушди устувори соҳаи пахтакориро ҷорӣ намояд.

Инчунин Барномаи давлатии рушди инноватсионии пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030 таҳия ва амалӣ карда шавад.

Ба вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук бо мақсади дастгирии пахтакорӣ супориш дода мешавад, ки то ба эътидол омадани вазъ дар соҳа дар муҳлати ду моҳ пешниҳодҳои заруриро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Таъкид менамоям, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакорӣ дар ин самт масъалаи муҳим мебошад.

Вакилони муҳтарам!

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгард ва шоҳроҳҳо ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон айни замон татбиқи 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои мазкур ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти роҳу нақлиёт, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба истифода дода шуданд.

Роҳҳои Обигарм — Нуробод ва Роғун бо дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаи Хумб — Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зиддитармавӣ бо дарозии 13 километр аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд.

Айни замон сохтмони 50 километр роҳи Данғара — Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон — Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар соли 2025 сохтмони бузургтарин пул дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо дарозии 920 метр ва 3 пули автомобилгард бо дарозии умумии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2026 сохтмон ва таҷдиди 300 километр роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мешавад.

Роҳҳои Ваҳдат — Обигарм ба дарозии 70 километр, Гулистон — Кӯлоб 33 километр, Хоруғ — Роштқалъа 39 километр, Мурғоб — Қулма 67 километр, Балҷувон — Сари Хосор 55 километр, Ҳистеварз — Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи даврзанандаи шаҳри Кӯлоб ва 5 пули автомобилгард дар роҳи Лаби Ҷар — Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Вазорати нақлиёт вазифадор аст, ки фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои идомаи сохтмон ва таҷдиди роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта ва назорати сифати иҷрои корҳои лоиҳавӣ густариш диҳад.

Ҳамзамон барои ташкили марказҳои нақлиётию логистикӣ, навсозии парки нақлиёти роҳи оҳан ва инфрасохтори он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Инчунин ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки барои таҷдид ва мутобиқ намудани хизматрасонии фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб ба шароити муосир чораҳои зарурӣ андешад.

Қобили зикр аст, ки дар се соли охир дар кишвар зиёда аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ сохта ва таҷдид гардиданд, аз ҷумла 2,6 ҳазор километри онҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ, ва ҳоло ин ташаббуси нек бомуваффақият идома дорад.

Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон барои саҳми арзандаашон дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ва дигар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипоси самимӣ менамоям.

Дар баробари ин зарур аст, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонро таъмин намоянд.

Илова бар ин бояд истифодаи санъати баланди меъморӣ, унсурҳои миллӣ ва муосир, технологияҳои пешрафта ва масолеҳи босифати сохтмонӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, тадбирҳои дар солҳои охир амалӣшуда ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Масалан, агар маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ба андозаи 20,9 миллиард сомонӣ таъмин гардида бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2026 дар ҳаҷми 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илм ва маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, дар тӯли зиёда аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.

Зеро ман хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи ободи давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст ва пояи мустаҳками он имрӯз гузошта мешавад.

Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва ҳифзи давлатдорӣ арзёбӣ менамоям.

Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд намуда, ҳаҷми умумии он ҳар сол зиёда аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз зиёд ва нисбат ба даҳ соли пеш, яъне соли 2015, панҷуним баробар бештар мебошад.

Бо мақсади таъмини самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ таҷдиди низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, яъне гузариш ба низоми маблағгузории сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ, талаботи замон мебошад.

Аз ин рӯ ба вазоратҳои маориф ва илм, молия ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки вобаста ба ин масъала ба Ҳукумати кишвар пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Тибқи таҳлилҳо, пас аз 25 сол шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.

Бинобар ин мо бояд аз ҳоло барои омода намудани шумораи бештари омӯзгорон, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ намудани низоми маориф ба стандартҳои ҷаҳонӣ, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми таҳсилоти дувоздаҳсола чораҳои зарурӣ андешем.

Бо ин мақсад ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки ҳолати татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ намуда, онро мутобиқ ба ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.

Дар Паёми Президенти кишвар соли 2019 солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд ва аз он вақт шаш сол сипарӣ гардид.

Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқшударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва монеаҳои мавҷуда чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо мақсади ҳарчи зудтар ворид намудани маорифи Тоҷикистон ба фазои ягонаи байналмилалии таҳсилот, соли 2004 гузариши муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба низоми кредитии таҳсил оғоз гардида, соли 2014 ҳамаи муассисаҳои мазкур ба ин низом гузаронида шуданд.

Фарорасидааст, ки дастовардҳо ва камбудиҳои низоми мазкур аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлил ва баррасӣ гардида, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм таъсири омили инсонӣ пурра аз байн бурда шавад.

Сохторҳо ва мақомоти зикршуда, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ, бояд дар муҳлати ду моҳ вобаста ба ин масъала ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи кории салоҳиятдор ҳолати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таҳлил ва баррасӣ гардида, барои суръат бахшидани минбаъдаи ин раванд ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеа муроҷиат намуда, бори дигар таъкид намоям, ки онҳо ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлат ва миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу ҳунар, маърифатнок ва фарҳангӣ, дур аз таассубу хурофот, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.

Асри XXI — асри пешрафти илм, техника ва технология мебошад.

Мо мебинем, ки кишварҳои мутамаддин ва пешрафтаи ҷаҳон ба чӣ гуна дастовардҳо ноил мегарданд.

Имрӯз онҳо аз офтоб нерӯи барқ истеҳсол мекунанд.

Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии ором дошта бошем, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамон соҳиби савод, дониш, касб ва ҳунар гарданд.

Мо бояд талош кунем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаи худ, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд.

Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасон ва ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа гирифтори таассуб, хурофот ва ҷаҳолат мегардад, ки оқибатҳои бисёр вазнин дорад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ҳамаи соҳаҳо, бахусус илму маорифро, даҳсолаҳо ба қафо партофт.
Вобаста ба масъалаҳои илм ва маориф мехоҳам таъкид намоям, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳими илми ватанӣ ва қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатии мо мебошад.

Дар соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Вобаста ба ин ҳамаи сохторҳои дахлдорро даъват менамоям, ки фаъолияти илмӣ ва амалии худро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.

Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Аз ин рӯ пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмии таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмии таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими эҳсоси миллӣ, бахусус дар байни ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши хеле муҳим дорад.

Мо ҳамеша ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир менамоем: дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг сохта ва ба истифода дода шуда, боз 350 иншооти дигари соҳа таъмиру таҷдид гардиданд.

Ҳамчунин дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе — мо бузургтарин иншооти соҳа, яъне Театри миллӣ бо шароит ва имкониятҳои муосирро бунёд намуда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати кишвар ба мардуми Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью