ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 14 Сентябр 2026
НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА АМНИЯТИ МАФКУРАВӢ ДАР ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН.
Дар марҳилаи муосири рушди ҷомеаи башарӣ, ки бо равандҳои босуръати глобализатсия, пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва тағйироти геополитикӣ тавсиф меёбад, масъалаи таъмини амният, суботи конститутсионӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як давлат мубаддал гаштааст.
Дар баробари мушкилоти глобалӣ, падидаҳои номатлуби асри XXI - терроризм ва экстремизм (тундгароӣ) ба аркони давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд ва ба асосҳои сохти конститутсионии ҷумҳурӣ таҳдид менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои ҷаҳон дар ин раванд қарор дошта, барои пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти харобиовар чораҳои зарурӣ меандешад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки муборизаи низомӣ ё танҳо тавассути чораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳандозӣ гардида, барои решакан кардани ин вабои аср кофӣ нест. Барои муқовимати бомуваффақият бо экстремизм, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва риояи қатъии қонунгузории амалкунанда ҳамчун кафолати асосии амнияти мафкуравии ҷомеа аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Маърифати ҳуқуқӣ танҳо маҷмӯи донишҳо оид ба қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ нест, балки фарҳанги ҳуқуқӣ, тарзи тафаккур ва риояи бечуничарои меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ дар ҳаёти рӯзмарра мебошад. Шахсе, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ аст, хуб дарк мекунад, ки ҳар гуна амали ғайриқонунӣ, даъват ба зӯроварӣ, тундгароӣ ва паҳн кардани ғояҳои экстремистӣ на танҳо ҷавобгарии қатъии ҳуқуқӣ дар доираи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пай дорад, балки ба пояҳои сулҳу ваҳдати ҷомеа низ зарба мезанад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсоне, ки ба доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ меафтанд, аз савияи пасти дониши ҳуқуқӣ ва динӣ ранҷ мекашанд. Онҳо ба сабаби надоштани тафаккури интиқодӣ ва маърифати кофии ҳуқуқӣ ба осонӣ фирефтаи ваъдаҳои дурӯғ, шиорҳои ба ном «ислоҳотхоҳона» ё таблиғоти нопоки гурӯҳҳои манфиатдор ва созмонҳои террористию экстремистӣ шомил мегарданд.
Аз ин рӯ, таҳкими тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, тавассути барномаҳои таълимӣ дар мактабу донишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори омма вазифаи муҳими рӯз аст. Шаҳрванде, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии худро медонад ва масъулияти худро дар назди ҷомеа ҳис мекунад, ҳеҷ гоҳ ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта роҳ намедиҳад ва дар ошкор намудани чунин кирдорҳо ба мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари амнияти иқтисодӣ, ҳарбӣ ва озуқаворӣ, амнияти мафкуравӣ (идеологӣ) яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва тамомияти арзии давлат ба ҳисоб меравад. Амнияти мафкуравӣ ҳимояи фазои маънавӣ, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллии ҷомеаро аз таъсироти харобиовари мафкураҳои бегона ва сохта дар бар мегирад.
Имрӯз майдони асосии муборизаи қувваҳои бадхоҳ на майдони ҷанг, балки шуури инсонҳо, мағзи ҷавонон ва фазои маҷозӣ (интернет) мебошад. Гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллиро зери суол бурда, бо роҳи таҳриф кардани мафҳумҳои динӣ ва таърихӣ ҷавононро ба гумроҳӣ баранд ва ба фаъолияти ғайриқонунии интернетӣ, аз ҷумла паҳн кардани маводи таблиғотии тундгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намоянд.
Дар ин замина, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ташаббусҳои созанда ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳёи фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи устувори амнияти мафкуравии кишварро ташкил медиҳанд. Танҳо тавассути ташаккули ғояи солими миллӣ, ки дар бар гирандаи арзишҳои ватандӯстӣ, худшиносӣ ва сулҳпарварӣ аст, метавон пеши роҳи паҳншавии мафкураҳои тундгароро гирифт ва пеши роҳи гаравидани ҷавононро ба гурӯҳҳои номатлуб гирифт.
Мубориза бо экстремизм ва тундгароӣ дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор рафта, ҳалли он равиши ҳамаҷониба ва саъю кӯшиши дастаҷамъонаи ҷомеаро тақозо мекунад. Барои он ки раванди пешгирии ин зуҳуроти номатлуб самараи дилхоҳ диҳад, амалисозии як қатор тадбирҳои муҳим ва пайваста зарур аст.
Нахустин ва пойдевори асосии ин раванд баланд бардоштани масъулияти оила ва мактаб маҳсуб меёбад. Ҳамкории зичи ин ду муҳит дар тарбияи насли наврас нақши калидӣ дорад, зеро фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии шахс маҳз дар ҳамин ҷо шакл мегирад. Волидайн ва омӯзгорон вазифадоранд, ки бо кӯшишҳои муштарак наврасонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, сулҳпарварӣ ва арзишҳои олии инсонӣ тарбия намуда, ба рафтору кирдори онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд ва муҳити иҷтимоии онҳоро ҳамеша таҳти назорат қарор диҳанд ва аз таъсири манфии иттилооти интернетӣ эмин нигоҳ доранд.
Бо дарназардошти он ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба минбари асосии паҳн кардани ғояҳои тундгароӣ табдил ёфтаанд, тарбияи фарҳанги иттилоотӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Ба ҷавонон бояд омӯзонида шавад, ки маълумоти гирифташударо таҳлил кунанд, ба хабарҳои дурӯғин бовар накунанд ва дар фазои маҷозӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Дар баробари ин, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии мақсаднок, аз қабили ташкили вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои кушод бо иштироки ҳуқуқшиносон, диншиносон, олимон ва шахсони барҷастаи ҷомеа, метавонад оид ба оқибатҳои харобиовари экстремизм ба мардум маълумоти воқеӣ ва саривақтӣ диҳад ва масъулияти шаҳрвандиро дар баробари қонунҳо баланд бардорад.
Мубориза бо тундгароӣ кори як мақомот ё ниҳоди танҳоӣ нест, балки вазифаи умумимиллӣ буда, таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатиро тақозо мекунад. Танҳо бо роҳи ҳамбастагӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва амалисозии пайгиронаи ин тадбирҳо мо метавонем ҷомеаи солим, амн ва ояндаи боэътимодро барои насли оянда таъмин намоем.
Экстремизм ва терроризм вабои аср ва хатари ҷиддӣ ба рушди давлату ояндаи ҷомеа буда, ба инсоният танҳо офат ва нооромӣ меоранд. Мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб қарзи умумимиллӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди солимфикр аст.
Дар шароити муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими амнияти мафкуравӣ, ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ сипари боэътимоде мебошанд, ки ҷомеаи моро аз хатарҳои бегона ҳифз мекунанд. Танҳо бо роҳи муттаҳидӣ, донишу маърифат ва ватандӯстии содиқона мо метавонем суботи устувори кишварро таъмин намуда, вазифаи муқаддаси худро дар назди ояндагони Тоҷикистони азиз сарбаландона адо намоем ва пояҳои давлатдории миллиро боз ҳам устувор гардонем.
