Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Суръати бештар - бе тағйири нарх!
Бозгашт ба навидҳо

Суръати бештар - бе тағйири нарх!

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 8 Сентябр 2026

Аз 18 сентябри соли 2026 муштариёни тарофаи «Беманҳдуд 30» ба таври худкор ба тарофаи «Беманҳдуд 50» гузаронида мешаванд.

Бартарии асосӣ барои муштариён — афзоиши суръати дастрасӣ ба интернет аз 30 Мбит/с то 50 Мбит/с бидуни тағйир ёфтани ҳаққи муштарӣ мебошад.

Арзиши тарофа барои ин муштариён бетағйир боқӣ мемонад — 155 сомонӣ барои 30 рӯз.

Ба ин тартиб, пас аз гузариш муштариён суръати баландтари интернетро бо нигоҳ доштани арзиши ҷории хизматрасонӣ соҳиб мешаванд.

Гузариш аз ҷониби «Тоҷиктелеком» ба таври худкор амалӣ карда мешавад, ягон амали иловагӣ аз тарафи муштариён талаб карда намешавад.

Поделиться новостью