ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 3 Ноябр 2025
3 ноябри соли 2025 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода муаррифии Муовини якуми нав ва муовинони раиси Хадамоти алоқа баргузор гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Исматулло Нориён ба вазифаи Муовини якуми раиси Хадамоти алоқа, ва Шонназар Холназарзода ва Толиб Маҳмадраҳим Холзода — ба вазифаҳои муовинони раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар рафти муаррифӣ Усмонали Усмонзода ба муовинони навтаъиншуда комёбӣ орзу намуда, ба онҳо супоришу вазифаҳои мушаххас оид ба иҷрои самараноки вазифаҳои худ, мустаҳкам намудани низоми рақамикунонӣ ва рушди инфрасохтори алоқа дар кишвар дод.
