ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 24 Октябр 2025
Дар моҳи декабри соли 2025 бо ташаббуси Хадамоти алоқа (ХА) назди Ҳукумати Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти якуми миллии Telecom Awards Tajikistan 2025 баргузор мегардад.
Тавре ХА хабар медиҳад, минбаъд ин мукофоти соҳавӣ ҳарсола дар байни операторони мобилӣ ва провайдерони интернети кишвар баргузор карда мешавад. Ҳадафи он мусоидат ба рушди суръат ва сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Масъалаҳои баргузории чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласаи кумитаи ташкилӣ таҳти раёсати раиси Хадамоти алоқа Исфандиёр Саидулло мавриди муҳокима қарор гирифт.
Кумитаи ташкилӣ аз намояндагони ХА, Ассотсиатсияи операторони мобилӣ, Ассотсиатсияи провайдерони интернет, ширкатҳои оператории алоқа ва коршиносони мустақил ташкил ёфтааст. Дар ҳайати ҳакамон намояндагони сохторҳои мустақил ва мутахассисони соҳа шомил хоҳанд буд.
Мукофот дар 15 номинатсия дода мешавад:
Беҳтарин оператори мобилӣ;
Беҳтарин провайдери интернет;
Инноватсияи сол дар соҳаи алоқа;
Хизматрасонии инноватсионии сол;
Интихоби муштариён;
Беҳтарин хизматрасонӣ ба муштариён;
Беҳтарин саҳм дар рушди соҳаи алоқа;
Лоиҳаи сармоягузории сол;
Ташаббуси иҷтимоии сол;
Ширкат бо бузургтарин суръати рушд;
Мутаносибии нарх ва сифат;
Беҳтарин ҳалли корпоративӣ;
Беҳтарин хизматрасонии рақамии сол;
Тезтарин шабакаи мобилӣ;
Тезтарин шабакаи симдор.
Меъёрҳои баҳогузорӣ сифати хизматрасонӣ ва дастгирии муштарӣ, мутаносибии нарх ва сифат, инноватсияҳои техникӣ ва инфрасохторӣ, аҳамияти иҷтимоӣ, масъулияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин эътирофи коршиносон ва истифодабарандагонро дар бар мегиранд.
Баҳогузорӣ бо усулҳои зерин гузаронида мешавад:
CATI (мусоҳибаи телефонӣ) — арзёбии сатҳи қаноатмандӣ ва вафодории муштариён;
Mystery Shopping (харидори пинҳонӣ) — санҷиши сифати хизматрасонӣ дар нуқтаҳои фурӯш;
OOKLA Speedtest Intelligence — таҳлили суръат, фарогирӣ ва сифати интернет;
DMTEL — таҳлили техникии шабакаҳои мобилӣ ва мутобиқати онҳо бо стандартҳои ETSI.
Пас аз тасдиқи ҳайати ҳакамон, баҳогузории фаъолияти субъектони бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон ва таҳлили натиҷаҳо, дар моҳи декабр ҷамъбасти озмун ва маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон баргузор мегардад.
