Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Мулоқоти раиси Хадамоти алоқа ва ҳайати ЮНИСЕФ.
Бозгашт ба навидҳо

Мулоқоти раиси Хадамоти алоқа ва ҳайати ЮНИСЕФ.

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 23 Октябр 2025

23 октябри соли 2025 мулоқоти раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) таҳти роҳбарии ҳаммуассис ва ҳамраиси ташаббуси «GIGA» Кристофер Фабиан баргузор гардид.

GIGA — ташаббуси муштараки ЮНИСЕФ ва Иттиҳодияи байналмилалии электросвязь (ITU) оид ба пайвасти ҳар як мактаби ҷаҳон ба интернет мебошад, ки то имрӯз харитасозии мактабҳоро дар 142 кишвари ҷаҳон бомуваффақият анҷом додааст.

Бояд қайд намуд, ки бо назардошти эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ин ташаббус метавонад нақши муҳимро дар пешбурди ин ҳадафҳо бозад.

Дар ин робита ҷонибҳо дар рафти мулоқот бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ ва пайвасти ҳар як мактаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интернет масъалаи амалисозии амалии ташаббуси «GIGA»-ро дар кишвар мавриди муҳокима қарор дода, оид ба идомаи муколамаи мунтазам барои амалисозии ин ташаббус ба тавофуқ расиданд.

Поделиться новостью