ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 21 Октябр 2025
Имрӯз дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайат баргузор гардид, ки ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият барои нӯҳ моҳи соли 2025 ва муайян намудани самтҳои асосии кор дар давраи боқимондаи сол бахшида шуда буд.
Дар кори ҷаласа раиси Ҳайат — раиси Хадамоти алоқа Исфандиёр Саъдулло, аъзои Ҳайат, роҳбарони сохторҳои тобеъ, роҳбарони раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон кормандони масъули соҳаи алоқа аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба муҳокима дар реҷаи онлайн (виртуалӣ) ҳамроҳ шуданд.
Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Хадамот барои нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баррасӣ гардида, ҳамзамон ҳисоботи фаъолияти роҳбарони сохторҳо, якчанд раёсати дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони шӯъбаҳои Хадамот дар минтақаҳо шунида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа танзими фаъолияти Хадамоти алоқа дар заминаи сохтори нав ва Низомномаи он бо таҳрири нав арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён инчунин оид ба рушди минбаъдаи соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқа, ҷорӣ намудани шабакаи 5G ва иҷрои нақшаи тадбирҳо дар доираи солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» андешаҳои худро мубодила намуданд.
Дар анҷом ба шахсони масъул супоришҳо ва тавсияҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани фаъолияти сохторҳо ва иҷрои босифати вазифаҳои хидматӣ дода шуд.
