Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Дар намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» 8 ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бозгашт ба навидҳо

Дар намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» 8 ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 14 Октябр 2025

14 октябри соли 2025, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025», Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо як қатор ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳашт ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузориро ба имзо расониданд.

Ҳуҷҷатҳо ба самтҳои калидии рушди рақамикунонии иқтисод, инфрасохтори интернет, технологияи 5G, таҳсилоти рақамӣ ва ҳамкории минтақавӣ дахл доранд.

Аз ҷумла, Созишномаи литсензионӣ бо ширкати «Starlink Tajikistan» (SpaceX) оид ба оғози фаъолияти Starlink дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он кишвар ба шабакаи глобалии интернети моҳворавӣ дастрасӣ пайдо мекунад.

Ҳамзамон, бо иштироки «Сбербанк Русия» ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Меморандуми тафоҳум оид ба таъсиси мактаби барномасозии «ШКОЛА 21» ба имзо расид.

Дар соҳаи алоқаи байналмилалӣ ҶСК «Тоҷиктелеком», Pakistan Telecommunication Company Limited (PTCL) ва Afghan Wireless Communication Company (AWCC) шартномаи тиҷоратӣ оид ба воридоти трафики интернет тавассути Покистонро ба имзо расониданд.

Дар доираи ин форум Меморандуми тафоҳум оид ба таъсиси консорсиуми миллии 5G байни Хадамоти алоқа ва ҳамаи операторони мобилӣ («Индиго Тоҷикистон», «ТТ Мобайл», «Вавилон М», «Таком» ва «Тоҷиктелеком») ба имзо расид.

Инчунин, бо ширкатҳои Eutelsat Group, Huawei Technologies Tajikistan ва ширкати олмонии ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG Меморандумҳо ва протоколҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи моҳворавӣ, тақвияти амнияти иттилоотӣ ва таъсиси Маркази миллии радиомониторинг ба маблағи 15 миллион евро ба имзо расиданд.

Дар анҷом, байни Хадамоти алоқа ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон ҳуҷҷати ҳамкорӣ оид ба васеъ намудани муносиботи дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия ба имзо расид.

Имзои ин ҳуҷҷатҳоро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа, роҳбарони сохторҳои тобеи Хадамот ва ширкатҳои ватанӣ анҷом доданд.

Амалисозии ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун қадами калидӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои интернет ва васеъ намудани ҳамкории технологӣ байни Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью