Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАНД.
Бозгашт ба навидҳо

ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАНД.

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 9 Октябр 2025

Имрӯз, пас аз мулоқоти расмии сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин — дар Душанбе маросими имзои 16 ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Яке аз онҳо — Меморандуми тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Русия мебошад.

Ин меморандум ба масъалаҳои мубрами замони муосир — танзими истифодаи спектри радиочастотавӣ, мубориза бо паҳншавии иттилооти ғайриқонунӣ дар интернет ва пешгирии занги фиребгарона ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа — бахшида шудааст.

Ин қадам метавонад амнияти иттилоотиро тақвият дода, боварии ҷомеаро ба муҳити рақамӣ баланд бардорад. Ҳамзамон он заминаи ҳуқуқиро барои мувофиқасозии сиёсати ду кишвар дар соҳаи муқовимат бо таҳдидҳои киберӣ ва ҷиноятҳои рақамӣ фароҳам меорад.

Имзои меморандум гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро на танҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва низомӣ, балки дар самти нав — дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ низ васеъ менамоянд.

Поделиться новостью