ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 29 Сентябр 2025
Коррупсия падидаи манфии иҷтимоӣ мебошад, ки омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати хос, муқовимати ҳамаҷониба ва фавриро тақозо мекунад.
Таъсири манфии коррупсия ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва боварии шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлати демократӣ таҳияи сиёсати мубориза бо коррупсияро дар миқёси умумимиллӣ тақозо мекунад. Чунин сиёсат бояд воситаи муттаҳид намудани талошҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамаи шаклҳои моликият ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.
Дар натиҷаи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон шуда, оқибатҳои номатлуб ба вуҷуд меоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои муассирро барои коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар меандешад ва қадамҳои зарурӣ дар ин самт амалӣ месозад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои ин ҳама шароит фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи манфӣ таъмин гардидааст.
