Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
TOJIKTELECOM дар CAPIF 4: уфуқҳои нави рушди рақамии Осиёи Марказӣ.
Бозгашт ба навидҳо

TOJIKTELECOM дар CAPIF 4: уфуқҳои нави рушди рақамии Осиёи Марказӣ.

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 25 Сентябр 2025

Аз 25 то 26 сентябри соли 2025 дар Алматӣ (Қазоқистон) Форуми чоруми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастагӣ (CAPIF 4) баргузор мешавад. Чорабинӣ намояндагони пешбари соҳаи телекоммуникатсияи минтақаро гирд овард. Ташкилкунандаи он Маркази ҳамоҳангсозии шабакаҳои IP-и аврупоӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи интернети Қазоқистон ва Ассотсиатсияи операторони алоқаи Қазоқистон буд.

Форуми CAPIF аллакай ба майдончаи калидӣ барои муҳокимаи масъалаҳои рушди инфрасохтори интернет дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамсоя табдил ёфтааст. Дар соли ҷорӣ таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳое чун:

  • рушди IXP-ҳо ва нуқтаҳои маҳаллии мубодилаи трафик,

  • пиринги интернет ва ҷойгиркунии CDN,

  • ҷорӣ намудани IPv6,

  • мониторинги шабака ва амнияти киберӣ,

  • устувории DNS ва масиргузории BGP,

  • пайвастагии минтақавӣ ва интиқоли муҳтаво, равона гардид.

Дар доираи барнома ҳозирон дар курсҳои таълимӣ, ҷаласаҳо ва мубоҳисаҳои гурӯҳӣ иштирок карданд, ки дар онҳо кейсҳои амалӣ ва дурнамои табдилоти рақамии минтақа баррасӣ гардиданд. Инчунин дар чорабинӣ директори генералии TOJIKTELECOM Баҳтовар Абдусатторзода бо мавзӯи «Роҳи пешвоӣ ва имкониятҳои нав» суханронӣ намуд.

Барои TOJIKTELECOM иштирок дар CAPIF 4 боз як тасдиқи содиқияти он ба рушди экосистемаи рақамии Осиёи Марказӣ гардид. TOJIKTELECOM иштирокро ҳамчун мустаҳкамкунии пайвастагии минтақавӣ ва шарикӣ, инчунин қадами стратегӣ дар роҳи эҷоди фазои муосири рақамӣ, ки барои ҳар як сокини Тоҷикистон ва минтақа дастрас аст, арзёбӣ мекунад.

Поделиться новостью