ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 23 Сентябр 2025
ҶСК «Тоҷиктелеком» тендери кушодаро оид ба ҷорӣ намудани системаи электронии гардиши ҳуҷҷатҳо эълон менамояд
Оператори пешбари телекоммуникатсионии Тоҷикистон, ҶСК «Тоҷиктелеком», дар доираи стратегияи табдилоти рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии равандҳои корӣ, дар бораи баргузории тендери кушода оид ба интихоби таъминкунанда барои ҷорӣ намудани системаи маҷмӯии электронии гардиши ҳуҷҷатҳо (СЭҲ) эълон медиҳад.
Интихоби ҳалли оптималӣ барои автоматикунонии равандҳои корҳои идорӣ, мувофиқасозии ҳуҷҷатҳо, инчунин барои эҷоди бойгонии ягонаи электронӣ. Ҷорисозии СЭҲ ба коҳиш додани вақти коркарди ҳуҷҷатҳо, баланд бардоштани интизоми иҷроия ва таъмини нигоҳдории боэътимоди иттилооти корпоративӣ равона шудааст.
Талаботи асосӣ ба система:
· Функсионалӣ: Давраи пурраи идоракунии ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла эҷод, бақайдгирӣ, мувофиқасозӣ, назорати иҷрои супоришҳо ва пешбурди бойгонӣ.
· Миқёспазирӣ: Қобилияти система барои дастгирии кори шумораи зиёди корбарон бо имконияти васеъшавии минбаъда.
· Ҳамгироӣ: Имконияти ҳамгироӣ бо системаҳои иттилоотии мавҷудаи ҶСК «Тоҷиктелеком».
· Амният: Таъмини сатҳи баланди ҳифзи иттилоот аз дастрасии беиҷозат.
· Интерфейси корбарӣ: Интерфейси фаҳмо ва мувофиқ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ.
Ширкатҳои манфиатдор бояд пешниҳоди тиҷоратии худро дар зарфи мӯҳршуда пешниҳод намоянд.
Суроға барои пешниҳоди таклифҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Дзержинский, 2а, ошёнаи 4, Шӯъбаи умумӣ.
Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодҳои тиҷоратӣ: 2 октябри соли 2025, то соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ.
Пешниҳодҳои тиҷоратие, ки пас аз мӯҳлати зикршуда ворид мешаванд, ба баррасӣ қабул карда намешаванд.
ҶСК «Тоҷиктелеком» ҳуқуқи қабул ё радди ҳар гуна пешниҳоди тиҷоратиро, инчунин қатъ намудани раванди тендер ва даст кашидан аз ҳамаи пешниҳодҳоро дар ҳар вақт то додани шартнома, бидуни ягон масъулият дар назди иштирокчиёни тендер, барои худ маҳфуз медорад.
