ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 5 Сентябр 2025
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, 25 август дар Кохи Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбҳои гуногун, ки дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои шоиста ноил гардидаанд, унвонҳои олии давлатӣ, инчунин унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳоро супорид. Дар ин чорабинии тантанавӣ Муртазозода Аҳлиддин Караҳон, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.
Ғайр аз ин, 5 сентябри соли ҷорӣ дар толори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмонали Юнусалӣ унвони давлатӣ — медали «Хизмати шоиста»-ро ба муовини раиси Шабакаи телефонии шаҳри Душанбе Саймуддинов Рустам Ҳусейнович супорид.
Дар суханронии худ дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмонали Юнусалӣ таъкид намуд, ки бо унвонҳои давлатӣ онҳое қадрдонӣ карда мешаванд, ки дар солҳои истиқлолият дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми назаррас ва арзишманд гузоштаанд. Қайд гардид, ки алоқа яке аз соҳаҳои муҳимтарин барои ҷомеа ва давлат мебошад, ва кормандони ин соҳа бояд бо масъулияти баланд ба кори худ муносибат намуда, рушди минбаъдаи соҳаро таъмин намоянд.
