Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
«Тоҷиктелеком» — спонсори расмии Ҷоми Кишварҳои CAFA 2025
Бозгашт ба навидҳо

«Тоҷиктелеком» — спонсори расмии Ҷоми Кишварҳои CAFA 2025

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 22 Июл 2025

Оператори пешбари миллии алоқаи Тоҷикистон «Тоҷиктелеком» спонсори расмии турнири бонуфузи байналмилалии футболи «Ҷоми Кишварҳои CAFA 2025» гардид.

Имрӯз, 22 августи соли 2025, дар бинои маъмурии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маросими тантанавии имзои созишномаи ҳамкорӣ баргузор гардид, ки дар доираи он провайдери миллии интернети кишвари мо «Тоҷиктелеком» дастгирии спонсории турнири бонуфузи байналмилалии футболи «Ҷоми Кишварҳои CAFA 2025»-ро ба зимма гирифт. Тавре дар маросими имзо директори тиҷоратии «Тоҷиктелеком» Ҷамшед Бобоалиев қайд кард:

«Ҷоми Кишварҳои CAFA» имконияти хубест барои намоиш додани хислати миллӣ, муттаҳид намудани мухлисони сершумори футбол ва эълон намудани иқтидори футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ. Барои «Тоҷиктелеком» ифтихори бузургест иштирок дар ин чорабинии бонуфузи варзишӣ, ва ҳадафи спонсории Ҷоми Кишварҳои CAFA 2025 дастгирии дастаи миллӣ дар роҳ ба сӯи ғалаба ва эҷоди фазои ваҳдату ҳамбастагӣ дар байни ҳазорон мухлиси футбол дар саросари кишвар мебошад.

Дар соли ҷорӣ дар турнири бонуфузи байналмилалии футболи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ — Ҷоми Кишварҳои CAFA 2025 — 8 даста иштирок мекунанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар гурӯҳи «А» мизбони турнир Узбекистон буда, инчунин дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Умон бозӣ мекунанд.

Дар гурӯҳи «В» мизбони турнир Тоҷикистон интихоб гардидааст, ва дар ҳамин гурӯҳ Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон бозӣ хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо дар ин гурӯҳ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.

Ҷадвали бозиҳо:
29 август — Тоҷикистон — Ҳиндустон
1 сентябр — Афғонистон — Тоҷикистон
4 сентябр — Тоҷикистон — Эрон
8 сентябр — бозӣ барои ҷои 3-юм

«Тоҷиктелеком» бо шарики ин турнир гардидан на танҳо дастаи миллиро ҳамроҳӣ мекунад, балки фазои ваҳдат, ҳиссиёт ва энергияи футболиро барои ҳазорон мухлис дар саросари кишвар эҷод менамояд. Ҷоми Кишварҳои CAFA 2025 ба Тоҷикистон шомгоҳҳои фаромӯшнашавандаи варзиширо ваъда медиҳад, ва мухлисони тоҷик якҷоя бо «Тоҷиктелеком» имконияти қисми ин ҷашни ҷаҳонии футбол шудан хоҳанд дошт.

Поделиться новостью