Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Ҷаласаи Ҳайати Хадамоти алоқа натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2025-ро ҷамъбаст кард.
Бозгашт ба навидҳо

Ҷаласаи Ҳайати Хадамоти алоқа натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2025-ро ҷамъбаст кард.

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 18 Июл 2025

Дар ҷаласа раиси ҳайат — раҳбари Хадамоти алоқа Исфандиёр Саъдулло, аъзои ҳайат, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, инчунин намояндагони масъули соҳаи алоқа аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ба ҷаласа дар реҷаи онлайн пайваст шуданд, иштирок намуданд.

Дар рафти машварат натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ баррасӣ гардида, масъалаҳои мубрами соҳаи алоқа, аз ҷумла беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ, рушди шабакаи 5G, инчунин амалисозии тадбирҳо дар доираи давраи эълоншудаи солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба шахсони масъул пешниҳод ва тавсияҳои мушаххас барои таъмини рушди устувори соҳа ва иҷрои самараноки нақшаҳои пешбинишуда дода шуданд.

Поделиться новостью