ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 1 Июл 2025
Яке аз навовариҳои хушоянди барои муштариён дар соли 2025 — коҳиши назарраси тарифҳо:
· барои шахсони воқеӣ — 65%;
· барои шахсони ҳуқуқӣ — 67%.
Ҳоло абонентҳо ҳамагӣ бо 155 сомонӣ соҳиб мешаванд:
· интернети пуртаъҷили 10 Мбит/с;
· зиёда аз 350 канали IP-TV;
· дақиқаҳои ройгон барои занг задан аз телефони хонагӣ.
Аз 1 июл роҳандозии тарифҳо бо суръати аз 30 Мбит/с ба нақша гирифта шудааст, ки боз ҳам дастрасии интернети пуртаъҷилро дар кишвар баланд хоҳад бардошт.
ҶСК «Тоҷиктелеком» самти навсозӣ ва рушдро идома дода, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то сокинони Тоҷикистон битавонанд аз хизматрасониҳои алоқаи сатҳи ҷаҳонӣ истифода баранд.
