ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 17 Июн 2025
Рӯзи 17-уми моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Карамай ноҳияи мухтори Синцзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Хитой Чорумин Ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, масъул барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, баргузор гардид, ки дар он раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло иштирок намуд.
Пеш аз ҳама дар суханронии худ Исфандиёр Саъдулло қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пайгирии пайвастаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба иштироки ҳамаҷонибаи кишвар дар фаъолияти ШҲУ аҳамияти муҳим медиҳад.
Инчунин қайд гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2025–2030 дар кишвар «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд, ки барои амалисозии он тадбирҳои бузург пайиҳам амалӣ карда мешаванд.
Дар ин замина дастовардҳои калидии кишвар дар соҳаҳои алоқа ва табдилоти рақамӣ баррасӣ гардида, аҳамияти амиқ намудани ҳамкорӣ дар доираи ШҲУ дар ин самтҳои стратегӣ муҳим таъкид карда шуд.
Бо назардошти иқтидори бузурги минтақаи ШҲУ дар соҳаи телекоммуникатсия, ҷониби тоҷик ҷиддан даъват намуд, ки талошҳои ҳамаи кишварҳо барои истифодаи самараноки он муттаҳид карда шаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти ин ҷаласа ҷонибҳо Нақшаи амали давлатҳои узви ШҲУ дар соҳаи табдилоти рақамиро қабул карданд, ки қадами муҳим дар роҳи ташаккули минтақаи устувор ва технологӣ пешрафта мебошад.
Дар натиҷаи Чорумин Ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, масъул барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи мазкур Форуми рушд ва ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамии Хитой – ШҲУ баргузор гардид.
