ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 23 Май 2025
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Гиреҳи миллии мубодилаи трафики интернетӣ (IXP) бо номи TJ-IX, ки дар назди ҶСК «Тоҷиктелеком» ҷойгир аст, ба кор шурӯъ кард. Лоиҳа бо мусоидати Хадамоти алоқа амалӣ мешавад ва марҳилаи калидии рушди инфрасохтори рақамии кишвар маҳсуб меёбад.
TJ-IX (Tajikistan Internet Exchange) платформаи технологиест, ки мубодилаи мустақими трафики интернетиро байни провайдерон ва дигар созмонҳо таъмин мекунад. Ҳадафи роҳандозии IXP баланд бардоштани суръат ва сифати хизматрасониҳои интернет, коҳиш додани таъхир дар интиқоли маълумот, кам кардани вобастагӣ аз масирҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба истиқлолияти рақамии Тоҷикистон мебошад.
Вазифаҳои асосии TJ-IX иборатанд аз коҳиш додани таъхир ва баланд бардоштани суръати дастрасӣ, кам кардани хароҷот барои трафики байналмилалӣ, баланд бардоштани амнияти киберӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ, инчунин эҷоди экосистемаи ягонаи рақамӣ ва платформа барои ҳамкории провайдерон.
TJ-IX ба иштирокчиён бартариҳои назаррас пешниҳод мекунад, аз ҷумла мубодилаи мустақими трафик, коҳиши бори каналҳо, сифати баландтари алоқа, шартҳои содаи пайвастшавӣ ва дастгирии IPv4 ва IPv6.
Иқтидори интиқолдиҳии шабака то 500 Гбит/с-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки вақти кафолатноки дастрасӣ 99,99%-ро ташкил мекунад. Аз нуқтаи назари техникӣ мавҷудияти воситаҳои мониторинг ва амният таъмин карда мешавад.
Ба IXP метавонанд провайдерони интернет, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ, ташкилотҳои таълимӣ, марказҳои маълумот ва шабакаҳои интиқоли муҳтаво (CDN) пайваст шаванд.
Дар дурнамо васеъ намудани лоиҳа бо эҷоди нуқтаҳои минтақавии дастрасӣ дар тамоми кишвар, ҳамгироӣ бо платформаҳои рақамии байналмилалӣ, инчунин пайвасти шабакаҳои донишгоҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Кушоиши TJ-IX қадами муҳим дар роҳи бунёди интернети мустақил, боэътимод ва босифат дар Тоҷикистон мебошад, ки ба мустаҳкам намудани соҳибихтиёрии рақамии кишвар мусоидат хоҳад кард.
