ҶСК «Тоҷиктелеком»
Нашр шудааст 28 Апрел 2025
Тавассути Маркази тамос дар назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 18 апрели соли 2025, 2850 муроҷиат ва шикоят ворид шудааст. Аз ин шумора 2040 муроҷиат аллакай бомуваффақият баррасӣ ва ҳал карда шудаанд, 343-тои онҳо дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд, боқимонда — дар ҷараёни иҷро мебошанд.
Аксарияти муроҷиатҳо ба рушд ва баланд бардоштани сифати алоқаи мобилӣ ва суръати интернет дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар алоқаманданд. Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда мутахассисони Хадамоти алоқа ва операторҳои мобилӣ корҳои андозагирии сифати алоқаро анҷом дода, истгоҳҳои иловагии базавиро насб мекунанд. Кор оид ба навсозии инфрасохтори шабака идома дорад.
Хотиррасон мекунем, ки дар аввали моҳи феврали соли ҷорӣ дар назди Хадамоти алоқа Колл-маркази шабонарӯзӣ бо рақами кӯтоҳи «4030» кушода шуд, ки барои ҳалли фаврии масъалаҳои техникӣ ва коркарди дархостҳо дар соҳаи электросвязь пешбинӣ шудааст. Марказ бевосита ба системаҳои коммутатсионии операторҳои мобилӣ пайваст мебошад.
