Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Дар Душанбе форуми «Табдилоти рақамӣ: дурнамо ва роҳҳалҳо» оғоз ёфт.
Бозгашт ба навидҳо

Дар Душанбе форуми «Табдилоти рақамӣ: дурнамо ва роҳҳалҳо» оғоз ёфт.

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 7 Апрел 2025

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳодияи Минтақавии Алоқа оид ба танзими спектри радиочастотавӣ ва мадори моҳвора Форуми «Табдилоти рақамӣ: дурнамо ва роҳҳалҳо» ба кор шурӯъ кард.

Ин чорабинии муҳими байналмилалӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Иттиҳодияи Байналмилалии Электросвязь ва Иттиҳодияи Минтақавии Алоқа ба роҳ монда шудааст.

Форуми «Табдилоти рақамӣ: дурнамо ва роҳҳалҳо»-ро раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло ва директори генералии Иттиҳодияи Минтақавии Алоқа Алексей Бородин ифтитоҳ намуданд.

Минбаъд Ксения Дроздова, директори генералии МОКС «Интерспутник», Дмитрий Ветлугин, намояндаи Eutelsat OneWeb дар мавзӯи дастрасӣ ба бозорҳои системаҳои NGSO дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ баромад карданд, Александр Гуляев, намояндаи Huawei Technologies Co., Ltd., иттилооти навшударо оид ба вазъи ҷаҳонии басомадҳои болотар аз 6 ГГс пешниҳод кард.

Дар қисми дигари форум Бодуршозода Мирали Айёмбек, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансуров Баҳром, намояндаи «Smart City», Ваҳан Овсепян, намояндаи NCC RIPE, Тоир Исмоилов, намояндаи GSMA, Дмитрий Конарев, намояндаи Huawei Technologies Co., Ltd., Нодир Турсунзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ҳаракати радиоҳаваскорони Тоҷикистон», Ҳиматов Музаффар Ҳикматович, раиси Ассотсиатсияи провайдерони интернети Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба масъалаҳои гуногуни марбут ба алоқа ва технологияҳо назари худро баён карданд.

Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло дар суханронии ифтитоҳии худ баргузории ин форумро барои ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби тоҷик омода аст ҳамкории судманди дуҷонибаро дар соҳаи алоқа бо созмонҳо ва кишварҳои дахлдори хориҷи наздик ва дур тақвият диҳад.

Қайд гардид, ки дар заминаи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа вазифаҳои муҳим иборатанд аз баланд бардоштани суръат ва сифати телекоммуникатсия дар кишвар, таъмини фарогирии зарурии радио дар тамоми ҳудуди кишвар, мутобиқ намудани соҳаи алоқа ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеа, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар бозори телекоммуникатсия.

Инчунин дар бораи вазъи бахши алоқа ва имкониятҳои транзитии кишвар маълумот пешниҳод карда шуд, қайд гардид, ки бахши хусусӣ дар бозори телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад. Аз 30 ширкат ва пешниходкунандаи фаъол 29-тои онҳо ба ин бахш тааллуқ доранд. Ҳадафи ҳимояи фаъоли давлатии бахши хусусӣ фароҳам овардани шароити мусоид ва рақобати солим дар бозори телекоммуникатсия мебошад. Таъмини шароити зарурӣ барои рушд ва навсозии фаъолияти операторҳои алоқаи мобилӣ ва собит яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ мебошад.

Ҳангоми ифтитоҳи Форуми «Табдилоти рақамӣ: дурнамо ва роҳҳалҳо» директори генералии Иттиҳодияи Минтақавии Алоқа Алексей Бородин аз роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳодияи Минтақавии Алоқа оид ба танзими спектри радиочастотавӣ ва мадорҳои моҳворавӣ изҳори миннатдорӣ намуд, инчунин талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди робитаҳои устувор дар соҳаи алоқа ва ислоҳоти соҳа баланд арзёбӣ кард.

Поделиться новостью