Гузариш ба мундариҷаи асосӣ
Хадамоти алоқа вохӯрии матбуотиро оид ба вазъи соҳа ва рушди минбаъдаи он баргузор кард
Бозгашт ба навидҳо

Хадамоти алоқа вохӯрии матбуотиро оид ба вазъи соҳа ва рушди минбаъдаи он баргузор кард

ҶСК «Тоҷиктелеком»

Нашр шудааст 20 Март 2025

Исфандиёр Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа, ҳозиринро дар бораи дастовардҳо ва нақшаҳо оид ба таъмини рушди соҳа огоҳ кард. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас оид ба рушди тамоми соҳаҳо амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки аз аввали соли ҷорӣ Хадамоти алоқа ҳамкориро бо операторҳои алоқаи як қатор кишварҳои хориҷӣ тақвият дода, ба хотири васеъ намудани имкониятҳои каналҳои беруна барои дастрасӣ ба шабакаи Интернет, эҷоди хатҳои алтернативии боэътимоди байналмилалии алоқа ва табдил додани ҳудуди ҷумҳурӣ ба минтақаи фаъоли транзитӣ иқдом намудааст. Дар натиҷаи ҳамкории васеъ ва музокироти самарабахш бо ин операторҳо арзиши воридоти Интернет ба кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Ин боиси коҳиши арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва симдор аз ҷониби операторҳои ватанӣ гардид. Дар натиҷа ҳаҷми пакетҳои интернети мобилӣ на камтар аз 20% зиёд мешавад. Тарифҳо барои провайдерони интернети кабелӣ 55% коҳиш ёфта, тарифҳо бо суръати поёнтар аз 5 Мбит/с бекор карда шуданд. Ва ин дар ҳолест, ки пештар суръати интернети симдор аз 0,5 Мбит/с оғоз мешуд. Пешбинӣ мешавад, ки то охири соли ҷорӣ ин раванд ба 30 Мбит/с ва дар давоми се соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад. Бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ба талаботи муосир, ба навсозӣ ва сохтмони истгоҳҳои нави базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки натиҷаҳои таҳлили гузаронидашуда нишон доданд, ки шумораи аҳолӣ ва истифодабарандагони Интернет дар ҷумҳурӣ сол ба сол афзоиш меёбад ва зиёда аз 95% аҳолӣ аз интернети мобилӣ истифода мебаранд. Мебоист операторҳои алоқаи мобилӣ саривақт минтақаҳои фарогирӣ, майдонҳои насби истгоҳҳои базавӣ ва имкониятҳои техникиро васеъ мекарданд, аммо ин кор ба таври зарурӣ анҷом дода нашуд. Чунин вазъият боиси коҳиши сатҳи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ гардид. Дар ин робита ба Хадамот зарур аст, ки якҷоя бо операторҳои алоқаи мобилӣ нақшаи мушаххас таҳия намуда, зина ба зина сармояи иловагӣ ҷалб намуда, инфрасохтори заруриро такмил диҳад, то масъалаи сатҳу сифати хизматрасониҳои интернет дар ҷумҳурӣ ҳал карда шавад. Пайвасти бефосилаи Интернет тавассути афзоиши шумораи нуқтаҳои дастрасии Wi-Fi дар назди пешниходкунандагони хизматрасонӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, бозорҳо ва мағозаҳои калон, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, фурудгоҳҳо ва ғайра амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади пешниҳоди хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ дар сатҳи зарурӣ ва идомаи минбаъдаи ин раванд, аз аввали соли 2025 Хадамоти алоқа маркази нави Колл-марказ (Колл-центр)-и онлайн ва интерактивиро оид ба қабули шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ба кор андохт, ва мушкилоту монеаҳои мавҷуда бо назардошти коркарди ҳаррӯзаи муроҷиатҳо аллакай бартараф карда мешаванд. Амалисозии минбаъдаи ҳадафу нақшаҳои эълоншуда ва мавҷуда навсозии техникӣ ва технологии шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва симдорро тақозо мекунад, ва дар ин самт Хадамоти алоқа лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро таҳия менамояд. Аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳо лоиҳаи навсозии шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат ҳамчун асоси баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои Интернет мебошад.

Дар ин робита дар давоми 3 соли оянда пешбинӣ мешавад, ки интернети мобилӣ пурра ба насли 4G ва 5G дар тамоми минтақа гузаронида шавад, инчунин то 80 фоизи аҳолӣ ба интернети симдор дастрасӣ пайдо кунад. Дар ин замина Хадамоти алоқа шароити мусоидро барои рушди соҳа фароҳам овардааст, ва такмилу навсозии инфрасохтор, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат пеш аз ҳама ба операторҳои алоқаи мобилӣ дахл дорад.

Бо мақсади мусоидат ба рушди мутаносиб ва устувори соҳа мутахассисону мансабдорони Хадамот лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия карданд, ки ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Навсозии фаъолияти Почтаи Тоҷикистон яке дигар аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа мебошад, дар ин робита тадбирҳо оид ба рақамикунонии бахши почта, инчунин истифодаи он барои васеъ намудани фаъолияти майдончаҳои савдо, тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ андешида шудаанд. Масъалаи ҷалби DHL, FedEx, UPS, TNT Express ва дигар ширкатҳои соҳавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ баррасӣ ва муҳокима мешавад.

Бо мақсади амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳо оид ба васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» хизматрасонии минбаъдаи ройгони ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои молиявию қарзии кишвар, саҳифаҳо ва замимаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути Интернет оғоз мегардад. Ғайр аз ин, агар тавозун сифр бошад ва ҳаҷми интернет тамом шуда бошад, имконияти анҷом додани амалиётҳои электронӣ ва ғайринақдӣ фароҳам меояд.

Поделиться новостью